Ҷашни наврӯзии муштараки Эрону Тоҷикистон дар Берлин

Радиои тоҷикӣ 7 views

Дар айёми Наврӯз ва нахустин рӯзҳои баҳори 1401 ҷашни муштараки Наврӯз миёни Эрону Тоҷикистон бо ҳузури иддае аз эрониён ва тоҷикиҳои муқими Олмон дар Сафорати Эрон дар Берлин баргузор шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо аз Берлин, дар айёми Наврӯз ва нахустин рӯзҳои баҳори 1401 ҷашни муштараки Наврӯз миёни Эрон ва Тоҷикистон бо ҳузури иддае аз эрониён ва тоҷикиҳои муқими Олмон дар Сафорати Эрон дар Берлин баргузор шуд.

Дар маросими ҷашни Наврӯзи Эрон ва Тоҷикистон устод Давлатманд Холов, ҳунарманди барҷастаи тоҷик дар ҳавзаи мусиқӣ, ки осори ӯ, аз ҷумла қитъаи “Шоҳ паноҳам бидеҳ” дар васфи имом Ризо алайҳиссалом барои эрониён ошност, ба иҷрои бархе таснифҳо аз ашъори Ҳофиз, Мавлоно ва шоирони тоҷик пардохт.

Дар ин маросим бархе алоқамандон ба ҷашни Наврӯз ва фарҳанги куҳани Эронзамин аз кишвари Олмон низ ҳузур доштанд.

Add Comments