Боғи таърихии Аббособод - шоҳкори давраи Сафавӣ

Радиои тоҷикӣ 6 views

Маҷмуаи таърихии Аббособод, яке аз муҳиму бузургтарин боғҳои эронии баҷоймонда мебошад, ки дар доманаи риштакӯҳҳои Албурз ва дар 9 километрии шаҳристони Беҳшаҳр (дар шарқи устони Мозандарон - шимоли Эрон) воқеъ шудааст.

Ин маҷмуаи таърихӣ дар соли 1346 (1967) сабти осори мероси миллии кишвари Эрон шудааст ва дар миёни 9 боғи эронии сабтшуда дар ЮНЕСКО танҳо боғе аст, ки дар шимоли ин кишвар қарор гирифтааст. Бинобар ин, Аббосободи Беҳшаҳр муҳимтарин боғи ғайрикавирии Эрон ба шумор меояд.

Add Comments