Рӯстои гардишгарии Барандақи Халхол

Радиои тоҷикӣ 29 views

Рӯстои Барандақ,ҷузви бузургтарин рустоҳои устони Ардабил дар Эрон аст .

Аз вижагиҳои беназири ин рӯсто қарор гирифтан дар нуқтаи васлшавии се устони Ардабил, Озарбойҷони шарқӣ ва Занҷон аст . Аз тарафе ин рӯсто аз қисмати шимолии муттасил ба тамомии сабзазорҳову доманаҳои кӯҳи Оқидоғ ( аз кӯҳҳои маъруфи устони Ардабил, ки маҳали зисти навъҳои гуногуни ҳайвонот аст ) ва аз қисмати Ғарб то рӯдхонаи маърӯфи Қизилузн кашида шудааст .
Ин рӯсто аз пурбоғтарин рӯстоҳои шаҳристони Халхол ва устони Ардабил аст ба гунае, ки меваҳое мисли анор, зардолу, олу, шафтолу, олуболу, гелос, шалил,нок,ангур, себ, шотут, беҳӣ, тут, анҷир ва тамишк аз марғубтарин меваҳои шимоли ғарби Эрон маҳсуб мешаванд . Ҳавои нимагармсирӣ, хоки ҳосилхез ва вуҷуди борандагии кофӣ ва ҳамчунин рудхонаи Қизилузн далели пурбор будан маҳсулот аст .
Аҳолии ин рӯсто бештар ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғбонӣ машғӯл ҳастанд ва занони ин рӯсто ба ҷуроббофӣ, халтабофӣ, фаршбофӣ,катбофӣ ва дӯзандагӣ ва низ истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва хуришҳо машғӯланд .

Add Comments