Туркманистон "дарвозаи ҷаҳанам"-ро мебандад

Радиои тоҷикӣ 4 views

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон хостори хомуш кардани шуълаҳои оташи гази табиъӣ дар гудол (чуқурии) маъруф ба "дарвозаи ҷаҳанам" шуд. Ин гудоли бузург яке аз маъруфтарин манзараҳои ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар соли 1971 муҳандисони Шуравӣ як майдони газро кашф карданд, аммо пас аз шуруъи ҳаффорӣ замин резиш кард ва гудоли амиқ ба вуҷуд омад, ки аз он газ хориҷ мешавад. Чун мутахассисон натавонистанд пеши хуруҷи газро бигиранд тасмим гирифтанд, ки гудолро бисузонанд, то газаш тамом шавад, ҳоло беш аз 50 сол аст, ки ин газ месузад.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Ҷумҳурии Туркманистон хостори хомуш кардани шуълаҳои оташи гази табиъӣ дар гудоли маъруф ба "дарвозаи ҷаҳанам" шуд.

Ин гудоли бузург воқеъ дар 260 километрии Ашқобод, пойтахти Туркманистон яке аз маъруфтарин манзараҳои ин кишвар маҳсуб мешавад. Дарвозаи ҷаҳанам акнун маврди боздиди бештари гардишгароне аст, ки ба Туркманистон сафар мекунанд.

Add Comments