Канор гузоштани ихтилофоти гуруҳҳои ироқӣ дар остонаи арбаъин

Радиои тоҷикӣ 3 views

Гуруҳҳои ироқӣ ҳар гуна ихтилофи сиёсиро канор гузоштаву якдигарро ба ҳифзи оромиш даъват карда ва хостори барпоии мукибҳои муштарак барои хизмат ба зоирони арбаъин шуданд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ба поси эҳтироми арбаъини ҳусайнӣ, ин рӯзҳо гуруҳҳои ироқӣ ҳар гуна ихтилофи сиёсиро канор гузошта ва муноқишаи таҳаввулоти дохилиро ба баъд аз роҳпаймоии азими арбаъин вогузор карданд .
Ин тасмими гуруҳҳои ироқӣ бо ҳадафи басиҷ шудани ҳамаи ақшори ин кишвар­ барои хадамотрасонӣ ба зоирон гирифта шудааст.

 

Add Comments