Ҳар руз омор ва рақамҳои ҷадид дар иртибот бо талафот ва хисоратҳои зилзилаи маргбор дар шимоли Сурия мунташир мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Ҳалаб ҳаҷми вайрони дар Сурия бисёр боло аст, аммо Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар боздид аз устонҳои зилзилазадаи Ҳалаб ва Лозиқия гуфт: Суриҳо аҳли амал ва иқдом ҳастанд мо бо такия ба истиқомати миллатамон ин фоҷеъаро пушти сар хоҳем гузошт.