Эрон ба Ҳинд дастгоҳи оксигенсоз ҳадя кард

Радиои тоҷикӣ 39 views

Ҷумҳурии Исломии Эрон барои кумак ба Ҳиндустон дар мубориза бо корона 300 дастгоҳи оксигенсоз ба он кишвар ҳадя кард.

Ин кумакҳоро Остони Қудси Разавӣ, яъне маҷмӯъаи ҳарами имом Ризо (а), аз наберагони Паёмбари гиромии Ислом (с) дар шаҳри Машҳади Эрон таҳия кардааст, ки дар фурӯдгоҳи байналмилалии Индира Ганди, пойтахт Ҳинд дарёфт шуд.

Авзои корона дар Ҳинд буҳронист ва яке аз муҳимтарин ниёзҳои мардуми ин кишвар, дастгоҳи оксигенсоз барои беморон аст.

Add Comments