Паҳлуҳои тоза аз фоҷеъаи ғарқ шудани муҳоҷирон дар канали Манш

Радиои тоҷикӣ 11 views

Беш аз як ҳафта аз воқеаи дардноки ҷон бохтани 27 муҳоҷир дар оброҳаи миёни Фаронса ва Англия мегузарад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Садо ва Симо аз Лондон, як наҷотёфтаи қойиқи ғарқшудаи муҳоҷирон дар канали Манш мегуяд : Ҳангоме ки ба иллати аз кор афтодани муҳаррики қойиқ, об ба тадриҷ дар ҳоли боло омадан дар қойиқ буд, шуморе аз муҳоҷирон бо телефонҳои ҳамроҳи худ бо маъмурони марзбонии Англияу Фаронса тамос гирифтанду дархост кумак карданд, аммо маъмурони ҳар ду давлат кумак ба ононро вазифаи давлати муқобил донистанд ва аз имдодрасонӣ худдорӣ карданд ва дар натиҷа 27 зану марду кӯдаки дигар ҷон бохтанд .

Add Comments