Садри аъзами Эрон дар давраи таърихии Носириддиншоҳи Қоҷор дар тӯли садорати худ хадамоту ислоҳоти асосӣ ва сохторӣ анҷом дод, ки дар таърихи ғанӣ ва тамаддунии Эрон ба ёдгор мондааст.
Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Мирзомуҳаммад Тақихони Фароҳонӣ, машҳур ба Амир Кабир 10 январи 1807 дар рустои Ҳазоваи Арок мутаваллид шуд.
Ислоҳоти Амир Кабир андаке пас аз расидани вай ба садорат оғоз шуд ва то поёни садорати кӯтоҳи вай (ҳудуди сею ним сол) идома дошт.
Таъсиси мадрасаи Дорулфунун барои омӯзиши донишу фанновариҳои нав дар Теҳрон, интишори рӯзномаи “Вақоеъи иттифоқия” ба унвони нахустин рӯзномаи расмӣ дар Эрон, расидагӣ ба вазъияти молиёт ва сомон додан ба артишу тақвияти тавони низомӣ, аз ҷумлаи иқдомоти муҳими Амир Кабир буд.
Душмании афроде монанди Оқохони Нурӣ бо Амир Кабир ва дар ниҳоят ҳамроҳ шудани Носириддиншоҳ бо онон сабаб шуд то Амир Кабир аз садорат барканор ва сипас ба Кошон табъид шавад.
Вай 10 январи 1852 дар ҳаммоми Фини Кошон ба қатл расид.