Беш аз як ҳафта аз даргузашти Малака мегузарад ва пушиши зиндаи маросим ва ба салтанат расидани фарзандаш Чорлз ҳамчунон дар шабакаҳои мухталифи радиоии ва телевизионии ин кишвар идома дорад.
Аммо миллионҳо нафар дар ин кишвар ва манотиқи ҳамсуд монанди шуморе аз намояндагони мардуми Ирландияи шимолӣ, ки ба иллати имтиноъ аз адои савганд ва вафодори ба Малака аз ҳузӯр дар парлумон маҳрум шудаанд, аз мухолифони низоми салтанатии Инглис ҳастанд.