Муҳаммад Шиа Судонӣ нахуствазири Ироқ гуфт: Амният ва субот дар Ироқ ва Сурия бо чолишҳои муштараке мувоҷҷеҳ аст, аз ин ҷиҳат, ниёзманди ҳамоҳангии музоаф ҳастем.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, нахуствазири Ироқ дар сафари як рӯза ба Дамишқ бо раисиҷумҳӯри Сурия дидор ва бо вай дар хусуси роҳкорҳои муқобила бо чолишҳои муштарак ва низ тарсими тасвире аз ҳамкориҳои Бағдод ва Дамишқ ба вижа дар заминаи иқтисоди гуфтугӯ кард.