Дабири кулли Созмони Миллал бо судӯри баёнияе ин ҳамлаи террористиро ба шиддат маҳкӯм кард ва муҷозоти омилони ин иқдоми ваҳшиёнаро хостор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Созмони Миллали Муттаҳид ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғро ба шиддат маҳкӯм кард; зимни инки ин ҳамлаи террористӣ дар расонаҳои амрикоӣ ҳам бозтоб ёфт, аммо мақомоти Амрико дар ин бора сукут карданд.