Аъзо ва тарафдорони Ҷумбиши исломии Нигерия ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қудс дар саросари шаҳрҳои бузурги ин кишвар ба хиёбон омаданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эронпресс, мусалмонони Нигерия ва аъзоии Ҷумбиши исломии ин кишвар ҳар сол дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс ширкат мекунанд, то ҳимояти худро аз мардуми мазлӯми Фаластин нишон диҳанд .
Иёлати Баучи дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон шоҳиди ҳузури густардаи шиъиёни Нигерия ва аъзои Ҷумбиши исломии ин кишвар дар роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс буд .
Суҳайло Закзокӣ-духтари раҳбари Ҷумбиши исломии Нигерия бо баёни инки ин ҷумбиш ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластинро вазифаи худ медонад, гуфт : " Ҳеч омиле наметавонад монеъи баргузории маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Нигерия шавад . "