Доктор Амир Назарии Дорусоз, муҷрӣ ва коршиноси барномаҳои шабакаи “Саломат”-и телевизиони Эрон бар асари мубтало шудан ба бемории Ковид 19 даргузашт.
Бобаки Ҳасанзода, муҷрии барномаи телевизионии “Зарабон” дар шабакаи “Саломат”-и телевизиони Эрон дар бораи даргузашти ҳамкори худ дар ин барнома гуфт: «доктор Амири Назарӣ солҳо муҷрӣ ва коршиноси барномаҳои пизишикии радио ва шабакаҳои телевизионӣ буд, ки муттаассифона рӯзи 27 урдубиҳишт (17май) бар асари корона даргузашт.»
Вай афзуд: «доктор Назарӣ ҳудӯди се то чаҳор ҳафтаи даргири корона буд, ки ибтидо бо ҳоли хуб мурраххас шуд ва баъд дубора бо танагии нафас ба бемористон рафт ва бистарӣ шуд, аммо муттаассифона рӯзи душанбе аз дунё рафт.»
Бино бар омори расмӣ то кунун 77 ҳазору 532 нафар дар Эрон бар асари бемории Ковид 19 ҷони худро аз даст додаанд.