Вазири додгустарии Италия 52 маъмури полисро ба далели зарбу лати зиндониён аз кор таълиқ(барканории муваққат) кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон пас аз интишори филме аз аз зиндони « Санта-Мария-Капуа-Ветере» дар шаҳри Казерта дар устони Кампания дар ҷануби Италия, ки дар он маъмурони зиндон дар торихи шашуми апрели 2020 зиндониёнро мавриди зарбу лат қарор доданд, Марта Картабио-вазири додгустарии ин кишвар 52 маъмури зиндонро ба иттиҳоми истифода аз равишҳои хушунатомез ва зарбу лати зиндониён аз кор таълиқ кард .
Дар филме, ки мунташир шуда маъмурони полис ба як зиндонии маъюб, ки бар рӯй сандалии чархдор аст, раҳм намекунанд ва вайро мавриди зарбу лат қарор медиҳанд .
27 зиндони Италия дар авоили шуюъи корона ба далели лағви дидори зиндониён бо хонаводаҳояшон ва набуди маводи беҳдоштӣ, мисли маска ва дасткаш ба саҳнаи шӯришу эътирози зиндониён табдил шуда буд .