Пухти анвои нон дар шаҳри Хуҷанд

Радиои тоҷикӣ 4 views

Садҳо навъ нон дар шаҳри Хуҷанд пухта мешавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, бештари соҳибони нонвойхонаҳо номи худро барои ноне, ки мепазанд, интихоб мекунанд.

Мирзораҳим Насимов, яке аз машҳуртарин нонвоёни Хуҷанд аст, ки дар 35 соли гузашта тавониста бо пухти нонҳои хушмазза ба яке аз пешравони бозори нон табдил шавад.

Ҷалолхон Ҷамолзода, яке дигар аз нонвоён ҳам гуфт: 10 навъ нон мепазад, ки “дилафрӯз” - нони мағзӣ ва “Ҷамолхон” аз беҳтарини онҳост.

Неъмат Зарифов низ нони ширмол мепазад.

Вай гуфт: Рӯзона 500 нони ширмоли норасида таҳия мекунад.

Қимати ҳар дона нони ширмол байни 6 то 7 сомонӣ аст.

Тайи соли гузашта ба далели гарон шудани қимати орд ва рӯған, қимати нон дар Хуҷанд ҳудуди 1 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Раъно Нозимова ва Неъмат Зарифов аз нонвоёни шаҳри Хуҷанд дар бораи пухти нон ин тавр тавзеҳ доданд:

Add Comments