Даҳҳо ҳазор фаластинӣ ба даъвати ҷумбишҳои фаластинӣ зимни роҳпаймоӣ ба самти марзҳои шарқии Ғазза ин паёмро ба саҳюнистҳо эълом карданд, ки агар муҳосираи Ғазза идома ёбад авзоъ ба нуқтаи инфиҷор мерасад.
Ба гузориши ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо аз Ғазза, дар 30-умин солрӯз ба оташ кашида шудани Масҷидулақсо ва ҳамзамон бо талоши саҳюнистҳо барои таҳмили шароити мавриди назари худ бар ғазза ва ташдиди муҳосираи ин минтақа, даҳҳо ҳазор фаластинӣ ба даъвати ҷумбишҳои фаластинӣ зимни роҳпаймоӣ ба самти марзҳои шарқии Ғазза ин паёмро ба саҳюнистҳо эълом карданд, ки агар муҳосираи Ғазза идома ёбад авзоъ ба нуқтаи инфиҷор мерасад.
Фавзӣ Барҳум аз масъулони Ҳамос гуфт, паёми мо дар солрӯзи ба оташкашида шудани Масҷидулақсо таъкид бар дифо аз ватану миллати Фаластин ва муқовимат аст. Онҳо бидонанд, ки мардуми Фаластин ба пойдории худ идома медиҳад ва бо такя бар муқовимат, шароиташро бар ишғолгарон дикта мекунад ин тавонро дорад, ки аз тариқи муқовимати муҳосираи Ғаззаро бишиканад.