Ишғолгарони амрикоӣ як рӯз қабл аз хурӯҷи комили худ аз Афғонистон як ҳамлаи паҳподӣ анҷом доданд ва ин ҳамла боиси кушта шудани ғайринизомиёни зиёде шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, аъзои хонаводаи қурбониёни ҳамлаи паҳподии Амрико бист рӯз пас аз ҳамла дар атрофи фурудгоҳи Кобул мегӯянд,ки дар як лаҳза ҳавлии кучаки хонаи онҳо пур аз ҷасад шуд, Самия-кучактарин узви хонавода буд, ки фақат ду сол дошт, ки қурбонии ҳамлаи паҳподии низомиёни Амрико дар Кобул шуд .